Миср омода аст дар бахши дорусозии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад

© REUTERS / Ricardo MoraesЛаборатория, архивное фото
Лаборатория, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати мисрии "Делта Фарма Био" хостори сармоягузорӣ дар бахши дорусозии Тоҷикистон шудааст

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар дидори раиси Утоқи бозаргониву саноеъи ҶТ Шариф Саид бо мудири кулли ширкати мисрии "Делта Фарма Био" Муборак Солеҳ дурнамои ҳамкориҳо дар бахши дорусозиву беҳдошт ва роҳандозии табодули таҷруба миёни коршиносони ду кишвар баррасӣ шудаанд.

Центр по профилактике и борьбе со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон
Дору арзон мешавад: дар Душанбе маркази дорусозӣ ифтитоҳ шуд

Ба гузориши равобити умумии УБС Тоҷикистон, Муборак Солеҳ дар ин дидор эълом карда, ки ширкаташ, ки доруҳо ва корафзорҳои гуногуни пизишкӣ месозад, омода аст бар пояи фанновариҳои нав ва корафзорҳои Миср ва стандартҳои ҷаҳонӣ дар бахши дорусозии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.

Ширкати мисрӣ ҳамчунин хостори ҳамкорӣ дар заминаи хариду фурӯши дору бо ширкатҳои тоҷикӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0