Чаҳордаҳ даста барои дарёфти Ҷоми Рӯшон ва 60 ҳазор рубл рақобат мекунанд

© Sputnik / Каллиников КириллЛетний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве
Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 12 август то 10 сентябри соли равон дар майдони варзишии "Авангард"-и Маскав сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Дар ин бора намояндаи Кумитаи футболи созмони ҷамъиятии "Нур" Ҳиммат Маҳбатов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки мусобиқаи мазкур аз соли 2009 инҷониб гузаронида мешавад.

Дар сабқати имсола 14 даста — "Вамд — 1", "Дерзуд — 1", "Вамд — 2", "Деҳрӯшон", "Дерзуд — 2", "Барзуд", "Вамар — 2", "Шидз", "Собиқадорони Вамар", "Пастхуф", "Дӯстӣ", "Баррӯшон", "Вамар — 1" ва "Шуҷанд" ширкат мекунанд.

© Фото : Аз бойгонии Кумитаи футболи РӯшонҶоми Рӯшон-2017
Ҷоми Рӯшон-2017 - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоми Рӯшон-2017

Ба иттилоъи манбаъ, ин сабқат бо ибтикори созмони ҷамъиятии "Нур" ва "Помир" бо дастгирии Федеросюни муҳоҷиратӣ ташкил шудааст.

"Имсол барои ҷои якум 60 ҳазор рубл, ҷои дуюм 40 ҳазор ва мақоми сеюм 20 ҳазор рубл ҷудо шудааст", — гуфт Ҳиммат дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Ин сабқатро доварони касбии рус ва довталабони созмони номбаршуда баҳогузорӣ мекунанд.

Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон рӯзҳои истироҳат дар майдони "Авангард"-и Маскав гузаронида мешавад.

© Фото : Аз богйонии Кумитаи футболи РӯшонБозиҳои рӯзи 27.08.2017
Бозиҳои рӯзи 27.08.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Бозиҳои рӯзи 27.08.2017

 

Лентаи хабарҳо
0