Кӣ ҳаққи бознишастагии муҳоҷирони тоҷикро пардохт мекунад: коршинос

© Фото : Аккаунт FacebookГлава Ассоциации исследователей государственной политики и государственного управления в Таджикистане Михаил Петрушков, архивное фото
Глава Ассоциации исследователей государственной политики и государственного управления в Таджикистане Михаил Петрушков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон дар фикри таъмини даврони арзишманди бознишастагии муҳоҷирон шудааст. Коршиносони мустақили Душанбе кумаки Русияро дар ин роҳ аз эҳтимол дур медонанд

ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Намояндагони нахустин ҷараёни муҳоҷиратӣ дар Русия пас аз чанде бознишаста хоҳанд шуд. Вале ин муҳоҷирон наметавонанд ба ҳаққи арзишманди бознишастагӣ умед баста бошанд.

Гап сари ин, ки ин нафарон дар Тоҷикистон ҳаққи ҳифзи иҷтимоиро пардохт накардаанд, мегӯяд раҳбари Ассотсиатсияи таҳқиқоти сиёсат ва идораи давлатӣ Михаил Петрушков.

"Аксарияти муҳоҷироне, ки 15-20 сол пеш ба Русия сафар кардаанд, пас аз чанде бознишаста мешаванд. Ва албатта онҳо аз ҳукумат ҳаққи бознишастагӣ талаб хоҳанд кард. Чигуна давлати мо аз ӯҳдаи ин кор мебарояд? Хусусан барои ман ин муаммо аст. Чун муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия кор мекунанд ба Бунёди ҳифзи иҷтимоӣ тангае пардохт намекунанд. Мушкилотро аз нигоҳи инсонпарварӣ бояд ба гунае ҳал кард. Вале чӣ гуна-нофаҳмо аст", — гуфт Петрушков дар суҳбат бо радиои Sputnik.

Мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз Русия барои муҳоҷирон ҳаққи бознишастагӣ талаб мекунад

Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ қасд дорад, ки то соли 2018 бо Русия дар масоили додани ҳаққи бознишастагӣ ба муҳоҷирони тоҷик ба мувофиқа расад.

Вале агар ҳукумати Тоҷикистон бо Русия дар ин росто мувофиқа кунад, ҳаққи бозинашастагиро фақат муҳоҷироне дарёфт хоҳанд кард, ки дар Русия қонунан буду бош ва кору фаъолият доранд, ки ба гуфти коршинос шумораи ин гурӯҳи муҳоҷирон дар Русия ангуштшумор аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала