Дар Тоҷикистон ҷашнвораи эҷодиёти наврасону ҷавонон баргузор мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешМальчик играет на флейте, архивное фото
Мальчик играет на флейте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давраи ниҳоии ҷашнвораи эҷодӣ дар дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 28-уми октябри соли равон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ,  бахшида ба Соли ҷавонон даври ниҳоии Фестивали эҷодиёти бадеии наврасону ҷавононро таҳти унвони "Сапеда" ва "Рассомони наврас" баргузор менамояд, ки он ба таърихи 28-октябри соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. 

Тавре дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ иттилоъ медиҳад, баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур мутобиқ ба фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сардорони раёсати санъат, рушди муассисаҳои фарҳанги — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, шуъбаи таҳлилу дурнамои вазорат, сардорони раёсатҳои фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои консертию таълимӣ супориши махсус гирифтаанд ва дар ин самт корҳо идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0