Расонаҳо: раисҷумҳур сухангӯяшро аз симат барканор кард

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Асадҷон Хоҷаев аз симати муовини мушовири давлатӣ- роҳбари хадамоти матбуоти Узбакитстон Шавкат Мирзиёев барканор шудааст

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Расонаҳои Узбакистон иттилоъ додаанд, ки раисҷумҳури кишвар Шавкат Мирзиёев сухангӯяшро аз мақомаш сабукдӯш кардааст.

"Асадҷон Хоҷаев аз симати муовини мушовири давлатӣ- роҳбари  хадамоти матбуоти Узбакитстон Шавкат Мирзиёев барканор шудааст",- омадааст дар гузориши хабаргузории daryo.uz.

Хабаргузории kun.uz бошад далели барканоршавии сухангӯи раисҷумҳурро "роҳ додан ба камбудиҳо дар тавзеҳи ҷашнвораи "Таронаҳои Шарқ" гуфтааст, ки имрӯзҳо дар Самарқанд баргузор мешавад.

Хоҷаев ба симати муовини мушовири давлатӣ моҳи марти ҳамин сол таъин гардид. Пештар ӯ ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи иҷроияи нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов  ва раиси Китобхонаи миллии Узбакистон фаъолият мебурд.
Лентаи хабарҳо
0