БДА аз 31 август то 10 сентябр дар роҳҳо амалиёт мегузаронад

© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон амалиёти "Бачаҳо" гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 30 авг— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, ин ниҳод аз 31 август то 10 сентябри соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронидани амалиёти "Бачаҳо"-ро эълон менамояд.

Ҳадафи баргузории ин амалиёт баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо ва пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ гуфта мешавад.

БДА ба пиёдагардон ва падару модарон, омӯзгорон ва ронандагон мурҷоиат мекунад, ки ба кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, онҳоро дар кӯчаву роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоранд ва ба онҳо талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала