Сокини Душанбе: мехоҳам сафҳаи тозаеро дар зиндагиам боз кунам

Сергей Кошелев-сокини шаҳри Душанбе ва ширкаткунандаи барномаи кӯчидан ба Русия нақл кард, ки ба чӣ хотир мехоҳад Тоҷикистонро тарк кунад

ДУШАНБЕ, 30 авг— Sputnik. Ба иттилоъи масъулини Раёсати муҳоҷирати ВКД Русия дар Тоҷикистон, беш аз якуним ҳазор хонавода аз оғози соли равон барои ба Русия кӯч бастан ариза додааcт.

Сокини шаҳри Душанбе Сергей Кошелев — яке аз ширкаткунандагони барномаи кӯчидан ба Русия аст. Хонаводаи ӯ беш аз 70 сол дар хоки Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.

Бибӣ ва падарбузурги Сергей пас аз Ҷанги бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон омада дар Душанбе сокин шудаанд. Дар ҳамин шаҳр волидони Сергей ва худи ӯ таваллуд шудаву ба воя расидааст. Сергей мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ҳамаи чизро хуш дорад, вале мехоҳад саҳифаи наве дар зиндагиаш боз шавад.

Иҷозатномаи зисти муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷир ё ҳамватан: киро вилояти Тамбов барои зиндагии доимӣ даъват мекунад

"Решаҳои таърихӣ ва хешовандонам дар Русия ҳаст. Агар имконияти бо хешовандон ва ҳамватанон пайвастан бошад, пас чаро аз он истифода нашавад", — гуфт ҷавони душанбегӣ дар суҳбат бо радио Sputnik.

Нахустин сертификати кӯчбандии Русияро соли 2008 дар Душанбе Людмила Мягкая дарёфт карда буд. Людмила дар Душанбе зиндагӣ мекард ва дар яке аз донишгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон ба ҳайси забоншинос фаъолият мекард.

Людмила бо хонаводааш ба вилояти Калининград сафар кард. Аз соли 2008 шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарчӣ бештар қасди сафар ба Русия ва тарки Тоҷикистонро доранд.

Имсол 1,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон хостори зисти ҳамешагӣ дар Русия шудааст.

Пештар хабар додем, ки вилояти Тамбов тоҷиконро барои зисти ҳамешагӣ даъват кардааст. Дар ин вилоят барои зисти муваққатӣ 20 марказ бунёд шудааст, ки муҳоҷирон фақат бо пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ метавонанд дар тӯли шаш моҳ ин ҷо зиндагӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала