Дар Душанбе барои пизишкони оянда бо арзиши 17 милюн сомонӣ маҷмааи нав бунёд шуд

© Сайт мэрии города ДушанбеНовый комплекс медуниверситета в Таджикистане
Новый комплекс медуниверситета в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе менависад, ин маҷмаа бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон бунёд шуда, барои донишомӯзону устодони донишгоҳ дар соли нави хониш туҳфаи арзанда маҳсуб меёбад

ДУШАНБЕ, 30 авг- Sputnik. Тавре равобити умумии Ҳукумати шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, дар пойтахт Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи бино сарвазири ҷумҳури Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ширкат карданд.

Маҷмааи нав аз 2 блоки таълимӣ — блокҳои А ва В иборат буда, дар панҷ ошёна ҷойгир шудааст.

© Сайт мэрии города ДушанбеҚоҳир Расулзода ва Рустам Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи бинои тоза ба пизишкони оянда
Рустан Эмомали на открытии нового медуниверситета в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода ва Рустам Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи бинои тоза ба пизишкони оянда

Дар маҷмӯъ бинои нави таълимии донишгоҳ дорои 79 ҳуҷраҳои дарсиву корӣ, 5 толори хурду калони муҷаҳҳаз бо 345 адад компютер ва таҷҳизоти технологӣ, тахтаҳои электронӣ, бештар аз 80 адад камераҳои назоратӣ, мизу курсиҳои наву ҳозиразамон, монитору банерҳои фанниву умумӣ, муляжу маникен буда, аз 1920 ҷойи нишаст иборат аст.

 Дар Маҷмааи нави таълимӣ барои сабақомӯзӣ ва корҳои амалӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки донишҷӯён на танҳо дарсҳои назариявӣ, балки ташхисҳои ниҳоят дақиқро бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ  анҷом диҳанд.

Гуфта мешавад барои бунёди иншооти мазкур 17 милюн сомонӣ сарф шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала