Эмомалӣ Раҳмон устоди ифтихории Донишгоҳи Синхуаи Чин шуд

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент республики Таджикистан, архивное фото
Президент республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш дар шаҳри Пекин бо омӯзгорону донишҷуёни Донишгоҳи Синхуа ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Чин дидор кард

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар чорчӯби сафари расмӣ ба Чин имрӯз бо раиси Донишгоҳи Синхуа дар Пекин дидор ва ҳамкории бунгоҳҳои илмии Тоҷикистону Чинро баррасӣ кард.

Президент РТ Эмомали Рахмон с председателем КНР Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон
Дастовардҳои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин: 13 қарордоди ҳамкорӣ

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин дидор ёдоварӣ шуд, ки ҳамкориҳои илмиву омӯзишии Тоҷикистону Чин низ ҳамгом бо дигар заминаҳо бештару устувор мешаванд ва яке аз дастовардҳояшон таҳсили камобеш 3 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Чин аст.

Қарор шуд, ки дар ростои иҷрои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синхуа, дар марҳилаи нахуст барои таҳсили донишҷуёни тоҷик дар Донишгоҳи Синхуа 10 саҳмия ва дар марҳилаи дувум 50 саҳмия ҷудо гардад.

Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар рушду густариши муносиботи дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Чин ва таҳкими ҳамкории илмӣ бо унвони "Устоди ифтихории иқтисод" аз Донишгоҳи Синхуа сарфароз карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала