Додгоҳи шаҳри Душанбе фурӯшандаи амфетаминро зиндонӣ кард

© Предоставил Хушнуд РахматуллоевНаркополицейские изъяли в Душанбе рекордную партию таблеток "экстази"
Наркополицейские изъяли в Душанбе рекордную партию таблеток экстази - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванд Холов ба ҷурми фурӯши маводи мухаддир 8 сол зиндонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дода, ки Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи шаҳрванд Холов баррасӣ карда ӯро муҷрим шинохтааст.

Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Самад Зафар: дар шаш моҳ 12 ҳазор бор қочоқи маводи мухаддир ошкор шуд

Бозҷӯён ошкор кардаанд, ки Холов моҳи апрели соли 2017 дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ аз шахси шинохтанашудае як миқдор моддаи мухаддир аз навъи "амфетамин" дарёфт карда ва 14 апрел 5 қурсро ба маблағи 100 дулори амрикоӣ ва 50 сомонӣ ва 5 май боз 5 қурси дигарро ба маблағи 970 сомонӣ ба Алишер ном касе фурӯхтааст.

Дар паи баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ Холовро дар кӯчаи Мушфиқии шаҳри Душанбе дастгир кардаанд.

Бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз 31 июли соли 2017 Холов муҷрим шинохта шуда ба муҳлати 8 сол аз  озодӣ маҳкум гардидаст.

Лентаи хабарҳо
0