Салиби Сурх барои КҲФ Тоҷикистон равоншинос омода мекунад

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон коршиносони равоншинос омода хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Тавофуқ дар ин замина дар дидори раиси КАИ ҶТ Рустам Назарзода ва мудири минтақаии КБСС Патрик Виала ҳосил шудааст.

Қарор шуда, ки КБСС барои кормандони Кумитаи авзоъи изтирорӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор кунад ва равоншиносонро барои ёрирасонӣ ба осебдидагон аз балоҳои табиъӣ омода кунад.

Дар ин дидор ҳамчунин дурнамои ҳамкории ин ду ниҳод дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала