Манижа Давлат: "имрӯз ман ҳам мотам дорам"

© Фото : Аккаунт в FacebookМанижа Давлат, архивное фото
Манижа Давлат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Манижа Давлат-овозхони машҳури тоҷик аз кушторҳои бераҳмона дар Мянма изҳори нигаронӣ карда дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, ки "ман ҳам имрӯз мотам дорам"

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik.  Манижа Давлат дар саҳифаи фейсбукии худ паёмеро ба мусулмонони Мянма, ки чанд рӯз боз таҳти таъқиби артиши ин кишар қарор доранд, бахшидааст.

Дар ин паёми Манижа аз ҷумла омадааст, ки "ба ободиҳо фикр мекунам, ба ободиҳои дунё…Ҳар қадар саъю фикрашро кунем бозам пур аз вайронист, мисли нотамомию нимкорагияш ободиҳо обод намемонанд. Ҳамеша хар ҷое агар обод шавад, паҳлуяш як ҷои дигар вайрон мегардад. Ҳамин хел дунё бо вайрониҳо обод аст, бо вайрониҳои тамомнашуданӣ…Имруз ман ҳам бо вайрониҳои шаҳри Бирма ва Мянма баробари кулли мусалмонони дунё мотам дорам… ".

Дар поини паёмаш сарояндаи саршиноси тоҷик суол кардааст, ки "магар хамаи одамони курраи заминро Як Холиқ наофаридааст? Аз куҷост ин вахшоният?! ".

Ёдоварӣ мекунем, ки амалиёти  артиши Мянма дар вилояти Ракҳайн рӯзи 25 август дар посух ба ҳамлаҳои чирикиҳо аз Артиши озодии Аракан (АРСА) ба 20 посгоҳи пулис оғоз ёфт. Ин амалиёт ба куштори чандин мардуми осоишта боис шуд. Гуфта шуд, ки беш аз 400 мусулмон дар ин амалиёт қатл шудааст.

Флаг Мьянмы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намозу эътирози мусулмонони Маскав алайҳи "қатли ом" дар Мянма

Мусулмонони Маскав барои дастгирии мусалмонони қабилаи Роҳинҷа дар назди сафорати Мянмаи Маскав намоз гузоштанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия эътирозгаронро даъват мекунанд, ки ҷои эътирозро тарк кунанд, вале мусулмонон дар интизори рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ истодаанд.

Ҳукумати Мянма мардуми дигар эътиқодро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд дар ҳоле, ки мусулмонони Роҳинҷа дар Бангладеш паноҳ меҷӯянд.
Чанде пеш раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон амалиёти Мянмаро "қатли оми мусулмонон" хонд.

"Онҳое, ки ба ин амалиёт чашм мепӯшанд ҳамдасти қатлкунандагон ҳастанд", — изҳор дошт Эрдуғон ҳангоми таҷлили Иди Қурбон. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала