Парвин Юсуфӣ "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" шуд

© SputnikПарвин Юсуфи
Парвин Юсуфи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода бо ҳунармандоне, ки Тоҷикистонро дар Туркманистон муаррифӣ карда буданд, бо ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии вазорати фарҳанг, вазир ба ширкат кунандагони Рӯзҳои фарҳанг барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии ва муаррифии шоистаи фарҳангу санъати тоҷик ба халқи туркман сипос гуфта, онҳоро бо мукофотҳо қадрдонӣ кард.

"Ибронов Сироҷиддин — директори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои "Китоб", Сифатов Асанбек — тарроҳи Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ", Юсуфӣ Парвин — ҳунарманди Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" бо мукофоти "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Ширкати фаъолона ва саҳми назарраси Файзуллоев Исматтулло — роҳбари бадеии ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Ҷурахонов Сироҷиддин — директори Коллеҷи рассомии ҷумҳуриявӣ, Орифов Беҳрӯз — муҳандис — оператори овоз, Усмонов Ҷамшед, Муллоҷонов Шавкат, Руябов Наим, Ҳомидов Мэлис, Мухторов Набиҷон, Бахтиёр Баёнӣ — мутрибони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Усмонова Шарофат — овозхони Театри давлатии академии опреа ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ифтихорномаи Вазорати фарҳанг қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин ба Дахте Заур Рустамович — муаллифи намоиши аккосӣ, Кенҷаева Лола — барандаи Рӯзҳои фарҳанг Туркманистон, Райимназаров Зафар — масъули намоиши либоси миллӣ, Юсупов Усмонҷон — наворбардори телевизиони "Сафина", Иброҳимов Хуршед — овозхони ансамбли "Шашмақом"-и Кумитаи телевизион ва радо, Холиқов Муродалӣ — мутриби Филармонияи давлатӣ ва Шарипова Парвина — овозхонаи ансамбли "Дарё" ҳам ифтихорномаҳо супорида шуд.  

Ёдоварӣ мекунем, ки Ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон аз 12 то 17 июни соли 2017 баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0