Соҳибкоре дар Суғд мактаби хусусӣ бунёд кард

© Фото : Пресс служба президента РТШкольники в классе, архивное фото
Школьники в классе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Спитамен бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Олимҷон Юлдошев мактаби нав бунёд гардидааст

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати Суғд, ин мактабро раиси вилоят зимни сафар ба ноҳияи Спитамен ба баҳрабардорӣ додааст.

Мактаби хусусии "Акрам" дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ҷойгир буда аз ду ошёна ва 12 синфхона барои 240 хонанда бунёд шудааст.

Барои фаъолият дар мактаб 20 нафар омӯзгорон аз ноҳияи Спитамен, шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷалб гардидаанд.

"Барои ҷалби хонандагон ба омӯзиши касбу ҳунар дар ин мактаб маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ва рӯзгодориву шоҳмотбозӣ ташкил карда шудааст", — омадааст дар хабарнома.

Класс. Ученики - Sputnik Тоҷикистон
Якуми сентябр: Рӯзи дониш, иди Қурбон ё нофармонии шаҳрвандӣ?

Раиси вилоят аз хонандагон даъват кардааст, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва касбу ҳунар диққати махсус зоҳир намоянд.

Манбаъ меафзояд, ки ба мактаби нав аз номи раиси вилоят маҷмӯи компютер ва принтерҳо, инчунин ба беш аз 50 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ туҳфа шудааст.

Лентаи хабарҳо
0