Тоҷикистон 60-солагии фаъолияти Ҳошим Гадоро ҷашн гирифт

© Facebook / Сухроб ДжанджоловҶашни 60-солагии фаъолияти Ҳошим Гадо
Ҷашни 60-солагии фаъолияти Ҳошим Гадо - Sputnik Тоҷикистон
Шоми 5 сентябр саҳни Театри Лоҳутӣ мисли ҷашнгоҳ ороста буд. Тоҷикистон 60-солагии фаъолияти арбоби ҳунар Ҳошим Гадоро ҷашн гирифт

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бино бар гузориши Вазорати фарҳанги ҶТ, барои ҷашни 60-солагии фаъолияти арбоби ҳунари тоҷик аз тамоми гӯшаву канори кишвар мухлисони театр ва ҳунар, ҳунарпешагону санъаткорон, адибон, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва сафоратхонаҳои муқими кишвар ҷамъ омаданд. Оҳанги карнаю доира танинандоз буд.

Пештоқи бинои театрро акси Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ордени Ситораи раисҷумҳури Тоҷикистон Ҳошим Гадо зеб медод. Инчунин девори даромадгоҳ ва долонҳои театрро бо аксҳо аз лаҳзаҳои нақшҳои дар саҳнаи театр ва синамо иҷро кардаи Ҳошим Гадо, ки 60-сол қабл фаъолияти эҷодии худро оғоз карда буд, оро дода буданд. Толори нишаст аллакай бо меҳмонони чорабинӣ пур буд, аммо паси дар ҳанӯз мухлисони бисёри Ҳошим Гадо хоҳиши ба толор даромадан доштанд.

Маросими унвонсупории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳошим Гадо - Sputnik Тоҷикистон
Ҳошим Гадо: Ҷаноби олӣ маро дубора эҳё кард

88-умин мавсими театрӣ дар кишвар бо таҷлили 60-солагии фаъолияти Ҳошим Гадо ифтитоҳ гардид, ки он ба иди пуршукӯҳи аҳли фарҳанг ва театр табдил ёфт. Чорабиниро шеъри дар васфи соҳибҷашн иҷро намудаи ҳунарпешагони театрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, аз фаъолияти ҳунарии Ҳошим Гадо дар синамо филмномае бо номи "Марди ҳунар" манзури аҳли толор гардид. Филмномаи мазкур тамошобинонро бо симои машҳури Сӯҳроб аз филми "Рустам ва Сӯҳроб", сарбоз Расулов аз филми "Зане аз диёри дур", Қурбошӣ Аҳмадбек аз филми "Ҷӯра Шикорчӣ" ва дигар нақшҳои дар синамо офаридаи Ҳошим Гадо, ки дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтаанд, бори дигар рӯ ба рӯ гардонид.

Гулчини нақшҳои бозидаи Ҳошим Гадо дар саҳнаҳои театр таҳти унвони "Нақшҳои ҷовидона" дар пешниҳоди ҳунарпешагони театрҳои гуногуни кишвар тӯҳфаи арзандае барои соҳибҷашн ва оғози шоистаи мавсими 88-уми театрӣ дар кишвар буд. Дар иҷрои шогирдони Ҳошим Гадо, ки ҳоло дар театрҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон фаъолият мебаранд, рӯи саҳна нақшҳои Афросиёб аз аз намоиши "Бежан ва Манижа", Эдип аз намоиши "Шоҳ Эдип", Темур аз "Қиссаи модар", Ҳамлет аз намоиши "Ҳамле", Фердинанд аз намоиши "Макр ва муҳаббат", Хлестаков аз намоиши "Муфаттиш" ва дигар нақшҳои Ҳошим Гадо оварда шуданд.

Ҳунарпешагон дар саҳна нотакрории санъат ва истеъдоди Ҳошим Гадоро васф карда, таманно менамуданд, ки ин ситораи театр ва синамо боз солҳои сол бо нақшҳои наву ҷолиб дили мухлисонашро шод гардонад ва роҳнамои шогирдон бошад. Силсиланамоиш аз ҷониби тамошобинон бо кафкӯбиҳои бардавом ва нидоҳои "офарин" пазируфта шуданд.

Аз номи аҳли ҳунари кишвар муовини якуми Вазири фарҳанг Ибодулло Машраб ҳозиринро бо оғози мавсими 88-уми театрӣ ва 60-солагии фаъолияти эҷодии Ҳошим Гадо табрик гуфта, зикр намуд, ки он силсиланамоише, ки аз эҷодиёти соҳибҷашн нақл мекард, далели рушди театри тоҷик аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала