"Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем": ҷашнвораи либоси миллӣ дар вилояти Хатлон

© Sputnik Фестиваль плова в Худжанде
Фестиваль плова в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, мақсад аз ташкили ин ҷашнвора тарғиби либоси миллӣ ва намоиши ҳунари тарроҳон мебошад

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Раёсати умури бонувон ва хонаводагии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷашнвораи либоси миллиро бо номи "Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем" баргузор кард.

Гуфта мешавад, мақсад аз ташкили ин ҷашнвора тарғиби либоси миллӣ ва намоиши ҳунари тарроҳон аст.

Бино бар гузориши дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Хатлон, ҷашнвора дар се бахш — бахши либосҳои расмӣ, бахши либосҳои миллӣ  ва бахши либоси миллии арӯсӣ баргузор шудааст.

Манбаъ меафзояд, дар ҷашнвора тарроҳону бонувони шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Норак, Бохтар, Вахш, Қубодиён, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Ёвон ва Муъминобод фаъолона иштирок намуданд, ки беш аз 150 адад сару либосҳои миллӣ ба намоиш бароварданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала