Дилшод Назаров яке аз беҳтарин гурзандозони сол шуд

© AFP 2023 / KIRILL KUDRYAVTSEVДильшод Назаров на чемпионате мира на Лондонском стадионе, архивное фото
Дильшод Назаров на чемпионате мира на Лондонском стадионе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дилшод Назаров- варзишкори саршиноси Тоҷикистон яке аз беҳатрин гурзандозони ҷаҳон дар соли ҷорӣ шуд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон,дар Британияи Кабир мавсими имсолаи IAAF Hammer Throw Challenge ба поён расид. Дилшод Назаров дар радабандии беҳтарин гурзандозони мавсим паллаи савумро дарёфт кардааст.

Гуфта мешавад, имсол дар чорчӯбаи IAAF Hammer Throw Challenge 9 мусобиқа баргузор шуд.

Назаров дар давраи ниҳоӣ гурзро ба масофаи 77,22 метр партоб карда, 7-умин шуд. Барои мақоми 7-ум ба варзишкори тоҷик 5 ҳазор дулор ҷоизаи нақдӣ доданд.

Феҳристи беҳтарин гурзандозони ҷаҳон ҳамасола бар асоси натиҷаҳои варзишкорон дар мусобиқаҳо муайян карда мешавад. Ҳамин тавр, ба ғолибон — ба ҷойи аввал 30 ҳазор дулор ҷойи дувум 20 ҳазор дулор ва барои мақоми савум 15 ҳазор дулор ҷоизаи нақдӣ муқаррар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0