Эмомалӣ Раҳмон афзоиши исломбадбиниро дар Миёнмор қотеъона маҳкум кард

© Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите лидеров БРИКС
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите лидеров БРИКС - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва Туркия сӯҳбати телефонӣ доштанд. Ҳангоми мулоқот сарони ду кишвар аз вазъи мусалмонони Миёнмор изҳори нигаронӣ карданд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон сӯҳбати телефонӣ карданд.

Бино бар иттилои манбаъ, мулоқоти сарони ду кишвар бо ибтикори ҷониби кишвари Туркия сурат гирифта, Раҳмон ва Эрдуғон ҳамдигарро ба муносибати 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар муборакбод гуфтанд.

"Дар ин замина паймон ҳосил гашт, ки  санаи ташрифи расмии раисҷумҳури Туркия ба Тоҷикистон мушаххас хоҳад шуд",- гуфта мешавад дар иттилоъ.

Ҳамчунин, зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ сарони ду давлат дар робита ба вазъе, ки нисбат ба ҷомеаи мусулмонон дар кишвари Мянма ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд. Онҳо афзоиши исломбадбиниро дар Миёнмор ва ҳамзамон  ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои иртиҷоиро  дар Ракхайн қотеъона маҳкум карданд.

Аз ин лиҳоз ҷонибҳо  ҷиҳати ҳалли одилонаи ҳама гуна низоъҳои этникӣ ва мазҳабӣ  сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез изҳори ақида намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала