Тоҷикистон ҳам дар Тошканд колоҳояшро ба намоиш мегузорад

© Sputnik / Стас ЭтвешТоргово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017
Торгово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намоиши колоҳои санъатии ширкатҳои тоҷикӣ дар Тошканд аз 11-ум то 14-уми октябр баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар пойтахти Узбакистон колоҳои 64 ширкати Тоҷикистон ба намоиш гузошта шавад

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik.  Тоҷикистон ба Узбакистон муроҷиат кардааст, ки нахустин намоишгоҳи колоҳои кишвар дар Тошканд аз 11-ум то 14-уми октябр баргузор карда шавад.

"Ҳукумати Тоҷикистон дар номаи расмие аз Ҳукумати Узбакистон хоҳиш кардааст, ки намоишгоҳи колоҳои санъатии Тоҷикистон дар ҳамсоякишвар аз 11-ум то 14-уми октябр баргузор шавад. Эҳтимол меравад, ки намоишгоҳ дар маркази намоишии "Узэкспосентр" баргузор мешавад", — хабар медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба як манбаи худ.

Роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон нархи таробарии колоҳои Тоҷикистонро 40 дарсад арзон кард

Дар намоишгоҳи колоҳои Тоҷикистон дар Узбакистон 64 ширкат сохтовардаҳояшонро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти бахши мошинсозӣ, маъдан, алюмин, саноеъи сабук ва хӯрок намоиш дода хоҳанд шуд.

Ин намоишгоҳ дар посух ба намоишгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон баргузор мешавад, ки моҳи апред дар Душанбе барпо шуда буд. Дар он намоишгоҳ 160 ширкати узбакӣ колову фаровардаҳояшонро ба наоишу фурӯш гузошта буданд.

Ёдовар мешавем, дар шаш моҳи соли равон дар кишвар куллан 78 корхона бунёд шуда ва 175 корхонаи санъатӣ аз кор боз мондааст.
Бино бар гузориши вазири саноеъву фанновариҳо, ҳамакнун дар саросари кишвар 1957 корхонаи санъатӣ фаъол аст, ки аз он шумор 494 корхонаи саноеъи хӯрокворӣ, 35 корхонаи коркарди маъданҳо, 488 ширкати созандаи маҳсулоти сохтмон, 19 корхонаи ангишт, 415 корхонаи саноеъи сабук, 298 корхонаи мошинсозӣ, 150 ширкати табъу нашр, 33 ширкати нафту газ ва 25 корхонаи вобаста ба Вазорати обу энержӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0