Эмомалӣ Раҳмон аз Ашқобод ва Ню-Йорк боздид мекунад

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 17-23 сентябр аз Туркманистон ва Амрико дидан мекунад

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ашқобод ва Ню-Йорк боздид мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТоҷикТА бо истинод ба як манбаи худ дар Ҳукумати кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон 17-уми сентябр вориди Ашқобод мешавад ва дар маросими рӯшансозии оташи Олимпики 5-умин бозиҳои Осиё дар биноҳои пӯшида ва ҳунари разми "Ашқобод-2017" ширкат мекунад.

Ҳамчунин раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин Туркманистон бо сарони чанд кишварҳо, ки бо даъвати раисҷумҳури Туркманистон барои ширкат дар маросими мусобиқаи байнулмилалӣ ҳузур хоҳанд дошт, мулоқот мекунад.

Пасон, кишвардори Тоҷикистон аз Ашқобод ба Ню-Йорк парвоз хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр дар умури 72-умин маҷмуи умумии СММ ширкат мекунад. Ҷаласаи солонаи ниҳоди аслии СММ имрӯз дар Ню-Йорк гушоиш меёбад. Баҳсҳои умумисиёӣ рӯзҳои 19-уми сентябр оғоз хоҳанд шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷмуи умуми Созмони милали муттаҳид суханронӣ хоҳад кард, ҳамчунин чанд мулоқоти дуҷонибаро анҷом хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0