"Сиккаи қадимӣ-2": боз як интиқоли ғайриқонунии тангаи қадима пешгирӣ шуд

© Фото : Таможенная служба при правительстве РТСтаринная монета за которую был задержан авиапассажир
Старинная монета за которую был задержан авиапассажир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи хулосаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, сикка дорои арзиши таърихию фарҳангӣ буда, интиқоли он аз Тоҷикистон мамнуъ аст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тавре Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар шимоли Тоҷикистон аз интиқоли тангаи қадимӣ ба Русия пешгирӣ карда шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи Хуҷанд,  4-уми сентябри соли равон ҳангоми аз назар гузаронидани бағоҷи дастии шаҳрванд Д, Н., ки ба Маскав парвоз дошт, сиккаи рангаш нуқрагин пайдо гардид.

Манбаъ меафзояд, дар як тарафи сикка "Б.М. Павел II М II И Само Д-Все Росс", дар тарафи дуюм "Моната рубл 1796 года" навишат шудааст. Гуфта мешавад, сиккаи ёфтшуда мусодира гардид.

Мувофиқи хулосаи ташхиши Вазорати фарҳанги ҶТ, сиккаи мазкур дорои арзиши таърихию фарҳангӣ будааст, ки интиқоли он аз Тоҷикистон мамнуъ аст.

"Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати шаҳрванд Д.Н. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3-289 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба додситони вилояти Суғд исрол карда шуд",- омадааст дар гузориш.

Лентаи хабарҳо
0