Филми "Коса" дар Ҷашнвораи филмҳои афғонӣ ҷоизаи асосиро ба даст овард

© Кадр из трейлера к/ф "Пиала"Кадр из фильма "Пиала"
Кадр из фильма Пиала - Sputnik Тоҷикистон
Филми "Коса"-и Суғдсинамо дар IX-умин Фестивали филмҳои афғонӣ, ки чанде қабл дар шаҳри Стокголми Шветсия баргузор гардид, сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми кўтоҳмуддат» дар байни филмҳои хориҷӣ гардид

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Боиси зикр аст, ки дар ҷашнвораи мазкур аз Тоҷикистон ду филм "Коса" ва "Духтари Сайҳун", ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия гардидаанд, дар радифи 30 филми дигар аз Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои дунё, ки бо забони форсӣ-тоҷикӣ (дарӣ) ба навор гирифта шудаанд, иштирок карданд.

Мавзўи филмҳои фестивал ин мушкилоти кўдакону наврасон, муҳоҷират ва ҷангу сулҳ, масоили гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд.

Мавзўи асосии филми "Коса" масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд аст. Филми мазкур соли гузашта дар фестивалҳои синамоӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Лондони Бритониёи Кабир низ иштирок карда, санаъти синамои тоҷикро муаррифӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала