ВКД: Анисаву Мадинаро ёфтем ва ба волидайнашон супоридем

© SputnikЗдание МВД РТ, архивное фото
Здание МВД РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чанде пеш расонаҳо дар бораи бедарак шудани ду хоҳар Аниса ва Мадина хабар доданд

ДУШАНБЕ, 17 сен- Sputnik. Модарашон гуфта буд, ки духтаронаш баъди соати 12-и рӯзи 12-уми сентябр дар роҳ ба мактаб бедарак шудаанд.

ВКД аз дарёфт шудани духтарон хабар медиҳад.

"Аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғон Анисаи Ашуралӣ соли таваллудаш 2001 ва Мадинаи Ашуралӣ соли таваллудаш 2004, сокинони шаҳри Душанбе,

дарёфт гардида ба падару модарашон баргардонида шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки Анисаю Мадина ба оворагардӣ машғул будаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала