Театри тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалӣ дар Бишкек се ҷоиза ба даст овард

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов аз шаҳри Қӯрғонтеппа барандаи се ҷоиза ва Дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, итиллоъот ва гардишгарии Ҷумҳурии Қирғизистон шуд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Театри тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар Бишкек се ҷоиза ба даст овардааст. Дар ин бора Вазорати фарҳанги ҶТ иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, аз 11 то 16 сентябри соли 2017 дар шаҳри Бишкек 6-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрии "АРТ-ОРДО" баргузор гардид, ки дар он гурӯҳҳои театрӣ аз 8 кишвар ширкат карданд.

Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов аз шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин ҷашнвора бо Дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, итиллоъот ва гардишгарии Қирғизистон ва се ҷоиза сарфароз гардид. Ҷоиза барои беҳтарин нақш ба ҳунарпеша Отахон Саидов, Ҷоизаи вижаи таваҷҷуҳи ҳайъати мунаққидон ва фарҳангшиносон барои аҳли театр ва Ҷоиза барои беҳтарин ороиши мусиқӣ ба оҳангсоз Шералӣ Қосимзода супорида шуд.

Ҷашнвораи Парасту- 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи “Парасту- 2017” насиби Театри ҷавонон гардид

Дар маросими бошукӯҳи анҷоми ҷашнвора ба се тан аз аҳли адаб ва фарҳанги Тоҷикистон — Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, нависанда ва драматург Ҷумъа Қуддус, театршинос, мунаққид ва номзади улуми торих Маҳмадулло Табаров унвони академики Академияи фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дода шуд.

Аҳли ҳунари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа инчунин бо кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрӣ анҷом доданд.

Бо пешниҳоди Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Суҳроб Олизода ва хоҳишу дархости Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ барои тоҷикони муқими Қирғизистон дар шаҳри Қадамҷо мавзеи Ӯчқурғон барномаи ҳунарӣ бо ширкати Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Меҳринисо Ҳоҷибоева ва Маҳмадалӣ Айюбов баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби тамошобинон хеле гарм истиқбол гардида, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0