Тоҷикистону Арабистон баргузории Ҳамоиши иқтисодиро баррасӣ карданд

© Sputnik / Алексей ДружининПредставители высших государственных чинов королевства Саудовская Аравия, архивное фото
Представители высших государственных чинов королевства Саудовская Аравия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ масъалаи баргузории Ҳамоиши иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар ин бора ВУХ Тоҷикистон хабар дода, меафзояд, ки ин масъала дар дидори сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии мамлакати саудӣ Юсуф Саъдун баррасӣ шудааст.

Дар ин мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд.

Ҳамоиши иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон  15-16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0