Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй

15 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон 22-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мекунанд. Дар робита бо ин дар муассисаҳои гуногуни кишвар маросимҳо доир карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиш баргузор гардидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, маҳфил рӯзи 19-уми сентябр дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин дар мавзуи "Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй" баргузор гардидааст.

Дар ҳамоиш донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, устодон ва дигарон ширкат варзиданд.

Ёдбуди Лоиқ Шералӣ дар оромгоҳи Лучоб - Sputnik Тоҷикистон
Маҳфили ёдбуди устод Лоиқ дар оромгоҳи Лучоб

"Дар маҳфил қайд гардид, ки устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ натанҳо бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик, балки яке аз ситорагони дурахшони адабиёти олам ба шумор меравад ва бесабаб нест, ки ба Рӯдакиро "Одамушшуаро",  "Маликушшуаро"  ва "Султони шоирон" мегӯянд.

Инчунин дӯстдорони адаб панду андарзҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро қироат кардаанд.

15 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон 22-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мекунанд. Дар робита бо ин дар муассисаҳои гуногуни кишвар маросимҳо доир карда мешаванд.

Бунёдгузори адабиёти порсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (бинобар ин дар баъзе сарчашмаҳо Рӯдакии Самарқандӣ низ меноманд), ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро آدم الشعرا Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала