Рӯйхати ронандагони қонуншикан дар ВКД: аз 20 ҳазор ҷарима то маҳрумият аз ронандагӣ

© SputnikТранспорт в Душанбе
Транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар саҳифаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ рӯйхати ронандагони қонуншикан пас аз тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нахустин бор мунташир шудааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин феҳрист ҷаримаманбии 14 ронанда бо далели қонуншиканӣ ҳангоми ронандагӣ оварда шудааст.

Ин ҷаримабандӣ бар асоси тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ омода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин ронандаҳо тибқи моддаҳои 336, 337 аз 12 то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ба гузориши торномаи расмии ВУД ҶТ, Авазбек Абдумаҷидов, ронандаи "Опел-Астра" бар асоси моддаи 337 (бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ) 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, 10 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум гардидааст.

В салоне автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нашри рӯйхати донишҷӯёни мошинсавор дар вазорат

Ҳамчунин 13 ронанда мувофиқи моддаи 336 (бе ҳуҷҷати ронандагӣ) 12500 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Бар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ ё бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.

Пештар ВКД феҳристи ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, мунташир карда буд.

Лентаи хабарҳо
0