Навори яке аз муҳоҷирони латукӯбшуда дар Фейсбук мунташир шуд

© SputnikПросмотри видео с пострадавшим эмигрантом в торговом центре "Москва"
Просмотри видео с пострадавшим эмигрантом в торговом центре Москва - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук наворе аз яке аз муҳоҷирони латукӯбшуда мунташир шуд

Корбари фаъоли шабакаи Фейсбук ва яке аз пуштибонони ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Каримҷон Ёров наворе аз яке аз муҳоҷирони латукӯбшуда дар бозори "Москва"-ро мунташир кард.

Дирӯз бархе аз расонаҳои Русия хабар доданд, ки кормандони ВУД Русия шаби 20-уми сентябр дар бозори "Москва" дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав камобеш 100 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар инҷо ҷамъ шуда, аз мудирияти бозор талаб кардаанд, ки нигаҳбонҳоеро, ки чанд тан аз коргарони тоҷики ин бозорро лату кӯб кардаанд, ба додгоҳ бикашанд.

Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷирони тоҷик, ки дар бозор аробакашӣ мекардаанд, бору колоҳоро аз як роста ба дигар роста бурда, ки хашми нигаҳбононро бар ангехтааст.

Лентаи хабарҳо
0