Эрон ба Ғарб: чи бихоҳеду чи нахоҳед, мушакҳоямонро тақвият мекунем

Раиси Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, Теҳрон барои дифоъ аз Эрон аз касе иҷоза нахоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Исломӣ Ҳасан Руҳонӣ имрӯз дар суханронӣ дар режаи бузурги Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, Теҳрон барномаи мушакии худро густариш хоҳад дод.

Командующий военно-космическими силами КСИР Амир Али Хаджизаде - Sputnik Тоҷикистон
Эрон мегӯяд "падари ҳама бумбҳо"-ро сохтааст

"Ҳеч қудрате қодир нест моро аз тақвияти мушакҳо ва барномаи дифоъӣ боз дорад. Чи бихоҳеду чи нахоҳед, мушакҳоямонро тақвият ва аз мардуми мазлуми минтақа дифоъ мекунем", — гуфт Руҳонӣ.

Дар ин режа барои нахустин бор мушаки балистики "Хуррамшаҳр" низ намоиш дода шуд.

Фармондеҳи Нерӯҳои ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон сартип Амиралӣ Ҳоҷизода ин мушакро "дастоварди бузурги Вазорати дифоъ" хонда ва гуфта, ки он 2 ҳазор килуметр бурд дорад.

"Ин мушак ба ҷои як кулоҳаки ҷангӣ метавонад чанд кулоҳакро барои расондан ба чанд ҳадаф бибарад", — гуфтааст сартип Ҳоҷизода.

Чанде пеш Созмони саноеъи дифоъии Эрон бумбе бо вазни 10 тон тавлид кард, ки он "падари бумбҳо" ном гирифтааст. Ин бумб тавоноии бузурги тахриб дошта ва онро мешавад аз ҳавопаймои "Ил" партоб кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала