Дипломатҳои тоҷику рус қазияи лату кӯби муҳоҷирон дар Маскавро баррасӣ карданд

Обуна шудан
Қазияи лату кӯби муҳоҷирони тоҷик дар фурӯшгоҳи "Москва" дар дидори сафири ҶТ Имомуддин Сатторов ва муовини вазири умури хориҷии Русия Григорий Карасин баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии ВУХ Русия, сафири Тоҷикистон ва муовини вазири хориҷии Русия дар ин дидор роҳу чораҳои амалии пешгирӣ аз такрори чунин рухдодҳо дар ояндаро баррасӣ кардаанд.

Беспорядки во время рейда против нелегальных мигрантов у ТЦ Москва в Люблино - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар назди фурӯшгоҳи "Москва"

"Дар ин дидор қазияе, ки 20 сентябр дар фурӯшгоҳи "Москва" рух дода буд, мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифт. Тарафҳо роҳу чораҳои амалии пешгирӣ аз такрори чунин рӯйдод дар ояндаро баррасӣ карданд", — гуфта мешавад дар иттилоияи ВУХ Русия.

Ёдовар мешавем, ки 20 сентябр нигаҳбонони фурӯшгоҳи "Москва" чанд муҳоҷири тоҷикро лату кӯб карда буданд. Бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки яке аз латукӯбшудагон кушта шуда, ки хашми мардумро бар ангехт ва камобеш 250 кас аз муҳоҷироне, ки дар он фурӯшгоҳ кор мекарданд, шабона даст ба тазоҳурот заданд. Пулиси Русия 90 кас аз онҳоро боздошт кард.

21 сентябр тоҷикон боз дар назди он фурӯшгоҳ ҷамъ шуданд, то эътирози худро баён кунанд. Аммо мақомот ин гирдиҳамоиро ғайриқонунӣ хонданд ва аз муҳоҷирон хостанд пароканда шаванд.

Идораи кулли умури дохилии шаҳри Маскав барои бозҷӯии ин қазия ду парванда — яке бо мавзуъи "авбошӣ" ва дигаре бо мавзуъи "лату кӯб" оғоз кардааст. Пулис ин қазияро бозҷӯӣ дорад.  

Лентаи хабарҳо
0