Нақли Садорат Маматқулова дар бораи зиндагии пасисаҳнагии муделҳо

© Фото : Из личного архива Садорат МаматкуловойСадорат Маматкулова на конкурсе красоты в Индии "Самое красивое лицо мира - 2017"
Садорат Маматкулова на конкурсе красоты в Индии Самое красивое лицо мира - 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудели тоҷик - Садорат Маматқулова ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи ширкат дар озмуни зебоӣ дар Деҳлӣ ва зиндагии паси саҳнагии муделҳо нақл кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Пас аз гирифтани ҷоизаи "Дилработарин лабханд " дар давраи ниҳоии озмуни "Зеботарин лабханди ҷаҳон" Садорат барои ширкат дар озмуни ҷаҳонии чеҳраи зеботарини ҷаҳон 2017 (Face of Beauty International), ки  имсол дар Ҳиндустон баргузор мешавад, дархост фиристодааст.

Даври ниҳоии ин озмун пагоҳ 24 сентябр баргузор мешавад. Sputnik Тоҷикистон бо Садорат Маматқулова дар бораи рақобат ва омодагӣ ба даври ниҳоӣ ва зиндагии пасисаҳнагии зебосанамҳо нақл кард.

Дар озмуни зебоӣ 50 зебочеҳра аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ширкат мекунанд. Дар давоми 10 рӯзи охир духтарон аз шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон боздид карда ва аз озмунҳои гуногун гузаштанд.

© Фото : Из личного архива Садорат МаматкуловойСадорат Маматкулова на конкурсе красоты в Индии "Самое красивое лицо мира - 2017"
Садорат Маматкулова на конкурсе красоты в Индии Самое красивое лицо мира - 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Садорат Маматкулова на конкурсе красоты в Индии "Самое красивое лицо мира - 2017"

"Айни замон дар Ҳиндустон ҳукумати кишвар дар фикри қабули қонуни наве ҳастанд, ки мувофиқи он зане, ки бори сеюм духтар мезояд бояд аз ӯ халос шавад. Яке аз шартҳои озмуни мо омода кардани муроҷиатнома ва ба ҳар ваҷҳ бовар кунонидани ҳаъйати ҳакамон ба қабул накардани ин қонун буд, яъне мо аз ҳуқуқҳои занони Ҳиндустон ҳимоя кардем", — нақл кард Садорат.

Садорат Маматкулова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии тоҷикдухтар: Садорат дорандаи "дилработарин лабханд" шинохта шуд

Ҳамчунин ин рӯзҳо зебосанамҳо бо пироҳанҳои зебо дар саҳна қадам заданду ҳунарҳои худро намоиш доданд.

Мудели тоҷик дар бахши ҳунарнамоӣ ҳакамонро тасхир кард. Ӯ рақси миллиро барояшон иҷро кард. Аҷибаш ин ки зебосанамҳо ҳайъати ҳакамонро намешиносанд ва ҳакамон дар ҳар нуқтаи толор ё меҳмонхона буда метавонанд.

"Мо то охири озмун ҳайъати ҳакамонро намешиносем. Шояд онҳо ҳангоми наҳорӣ, хоб ё вақти холиамон моро мушоҳида кунанд. Барои ҳамин мо бояд ҳамеша зебо бошем", — гуфт Садорат.

Мудели тоҷик изҳор дошт, ки сарфи назар аз шумораи зиёди ширкаткунандагони озмун рақобат ҳис намешавад ва фазои озмун дӯстона аст. Зебосанамҳо ҳатто ба якдигар туҳфаҳо медиҳанд. Садорат ба дӯстонаш нонҳои тоҷикӣ ҳадя кардааст.

© Фото : Из личного архива Садорат МаматкуловойСадорат Маматкулова на конкурсе красоты в Индии "Самое красивое лицо мира - 2017"
Садорат Маматкулова на конкурсе красоты в Индии Самое красивое лицо мира - 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Садорат Маматкулова на конкурсе красоты в Индии "Самое красивое лицо мира - 2017"

"Дар давоми даҳ рӯз мо бо ҳам ошно шудем. Ман забони англисиро онқадар хуб намедонам барои ҳамин бештари вақтамро бо духтарон аз Белорус, Молдова ва Русия мегузаронам. Мо кӯшиш мекунем, ки бо ҳамдигар кӯмак кунем", — нақл кард мудели тоҷик.

Чанд моҳе пештар Садорат саромягузор меҷуст, то нисфи маблағи сафар ба озмунро пардохт кунад, вале ба гуфти Садорат дар Тоҷикистон дарёфт кардани сармоягузор коре осон нест ва ҳамаи кӯшишҳои мудели тоҷик барбод рафт.

"Дар ин росто ба ман аҳли оилаам кӯмак кард. Нафаре ба ман билет харид, дигаре пироҳанамро дуруст кард ва нафари дигар пул дод. Ман барои аҳли хонаводаам барои ин кӯмак миннатдорам", — нақл кард Садорат.

© Фото : Из личного архива Садорат МаматкуловойСадорат Маматкулова на конкурсе красоты в Индии "Самое красивое лицо мира - 2017"
Садорат Маматкулова на конкурсе красоты в Индии Самое красивое лицо мира - 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Садорат Маматкулова на конкурсе красоты в Индии "Самое красивое лицо мира - 2017"

Дар баробари ин мудели тоҷик изҳор дошт, ки волидонаш пас аз мунташир шудани мақола дар бораи фаъолияти муделиаш дар Sputnik Тоҷикистон ба ояндадории ин кораш боварӣ карданд. Ба гуфти Садорат пас аз мунташир шудани мақола ба ӯ пешниҳоди кор ҳам шуд ва ӯ барои ин аз Sputnik Тоҷикистон миннатдор ҳаст.

Ин таҷрибаи нахустини Садорат дар озмуни байнулмилалӣ мебошад, вале ӯ барои пирӯзӣ омадааст. Ба гуфти Садорат дар ин ҷо духтарони зиёде ҷамъ омадаанд, ки ҳар яки онҳо бо таври худ зебоянд ва пирӯзиро сазоворанд.

Фаъолияти муделӣ барои Садорат Маматқулова хоббӣ ҳаст. Ӯ корманди бонк аст, вале намехоҳад саҳнаи муделиро тарк кунад. Ба наздикӣ мудели тоҷик ба Маскав баргаштаву ба ҳайъати доварони озмуни "Табассуми ҷаҳонӣ —2018" ворид мешавад.

Лентаи хабарҳо
0