Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ: қарзи имтиёзнок гиру мошини моро бихар

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ барои харидории худравҳои русӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод карданист

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ба гузориши рӯзномаи "Известия", вазири Вазорати савдо ва саноати Русия Денис Мантуров дар бораи ҷузъиёти қарзҳои имтиёзнокро ҳоло ифшо накардааст.

Ба гуфти Денис Мантуров бо роҳи қарздиҳии имтиёзнок харидорӣ кардани  худравҳои русӣ, Русия худро дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ хубтар нишон хоҳад дод.

"Мо мехоҳем барои бозори хориҷӣ ҳам чунин тадбирро роҳандозӣ кунем, яъне барои харидорони хориҷӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунем", — шарҳ дод ӯ.

Автомошинаҳои нав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон мошинҳои нав арзон мешаванд

Ба мақсади дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани истеҳсоли худрав, Русия мехоҳад дар соли 2018 — 30 млрд рубл ҷудо кунад. Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми интиқоли худравҳои истеҳсоли Русия дар ҳоли рушд буда ба нишондоди максималии худ — 1 млрд дулор расидааст.

Бузургтарин ширкатҳои мошинсозии Русия ин  АвтоВАЗ, КАМАЗ, ГАЗ, ширкати  "Соллерс", ЗИЛ (Заводи ба номи  Лихачёв) ва БАЗ (Брянский автомобильный завод) мебошанд.

То соли 2017, АвтоВАЗ навъи худравҳои зерин: Lada Kalina, Lada Granta, Lada Priora, Lada 4x4 — ро истеҳсол мекунад. 

Лентаи хабарҳо
0