БДА рақамҳои зебои силсилаи "ЕС" - 01 -ро мефурӯшад

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ЕС 01" хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Бино ба иттилоъ равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 30 сентябр дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 26 августи соли 2017 аломати сабти давлатии силсилаи "ЕС 01" ба таври музояда фурӯхта мешаванд.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

Выдача новых номерных знаков в Симферополе - Sputnik Тоҷикистон
БДА беш аз 100 рақами “зебо”-ро тариқи музояда мефурӯшад

"Нархи як лот 630 сомониро ташкил медиҳад", — омадааст дар иттилоъия.

Гуфта мешавад, ки қабули дархостҳо ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои ширкат дар музояда се рӯз пеш аз гузаронидани музояда сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи ВКД нашр шудааст.

БДА пештар аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ЕС 01" ва "ВА" ва "ВВ" — 07"-ро ба фурӯш гузошта буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала