Донишомӯзони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ ду медали тилло дарёфт карданд

© Sputnik / Стас ЭтвешУчебник и тетрадка, архивное фото
Учебник и тетрадка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишомӯзони тоҷик дар озмуни байналмилалии ҳандаса 2 медали тилло ва чор медали биринҷӣ дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории ТоҷикТА дар ин озмун ҳудуди 4 ҳазор донишомӯз ва 44 кишвари ҷаҳон ширкат кардаанд. Ин бор низ ҷавонони Тоҷикистон собит карданд, ки на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон низ аз беҳтаринҳо  мебошанд.

Гуфта мешавад, ҳамаи намояндагони Тоҷикистон дар ин озмун донишомӯзони дабистони вижаи Тоҷикистону Русия- "Ҳотам ва П.В." буданд.

Меҳрон Бобохонов- донишомӯзи синфи 11 ва Наимҷон Хонҷонов- хонандаи синфи 10 барандагони барандагони медали тилло мебошанд.

Бино бар иттилои манбаъ, сатҳи машқҳои пешниҳодшуда хеле боло буданд ва посухгӯи сатҳи душвори озмунҳои ҷаҳонӣ буданд. Намояндагони Шветсия дар ин озмун ягон медале ба даст наоварданд. Ҷавонони тоҷик бошанд дар кул 6 медал дарёфт кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0