Зане ба Эмомалӣ Раҳмон: падарҷон, як хонаам созед, то фарзандонам зери борон намонанд...

© SputnikПросмотр видео на экране таджикской женщины в программе "шахри ман"
Просмотр видео на экране таджикской женщины в программе шахри ман - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пул надоштам, ки роҳкиро карда, ба қабулгоҳи раиси ноҳия равам. Аз ронандагон зора кардам, ки маро ройгон то дари Ҳукумат расонанд. Аммо вақте раис арзи маро шунид, гуфт, ту барин гадоҳо(!) дар як рӯз чанд тоашон назди дари ман меоянд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Фарида Бобоҷонова. Чанде пеш телестудияи Мавҷи озоди ноҳияи Восеъ  дар барномаи "Шаҳри ман" аз рӯзгори Шаҳрбону Раҳимова ном як зани ин ноҳия нақл кард, ки аз рӯзгори худ шикоят мебурд. Зан мегуфт, 4 фарзанд ва ҳамсари маъюб дораду вақти оғози таҳсил наздик шуда истодааст, аммо барои харидани лавозимоти мактаб он тараф истад, барои хӯронидани фарзандонаш ночор мондааст.

Як сухани ин зан маро водор кард, ки дар суроғи телефонаш шавам ва аз ҳолаш пурсон шавам, ки ҳоло чӣ аҳвол дорад. Зеро вай мегуфт, "аз ночори қасди се маротиба куштани фарзандонаш шудаасту аз рошҳаш бар гаштааст."

Эмомали Рахмон и его семья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзе дар “меҳмонии” Эмомалӣ Раҳмон

"Се бор сиркоро назди даҳони фарзандонам бурдам ва овардам. Зурам омад, чӣ кор кунам охир?!",- гӯён гиря мекард вай.

Шаҳрбону мегуфт, ягона умедаш таҳсили фарзандонаш аст, то дар оянда сарнавишти вай ва шавҳарашро такрор накунанд ва соҳиби маълумот шаванд.

Барои дарёфти посух ба саволҳоям бо ин зан тамос  гирифта, гуфтугӯе доштам, ки фишурдае аз онро мунташир мекунем.

— Пештар барномаи "Шаҳри ман"-и телевизюни Мавҷи  озоди ноҳияи Восеъ дар бораи рӯзгори шумо гузорише дода буд, ки аз некӯкорон кӯмак мехостед. Мушкилиатон ҳал шуд?

— Бале, шукронаи Аллоҳ, ки ба ман кӯмак расониданд.

— Фарзандонатонро ба мактаб равон кардед?

— Фарзанди калонӣ-писарамро мехоҳам ба интернат диҳам ва духтарчаам ба мактаб рафт. Ду кӯдаки дигарам ҳоло хурдсол ҳастанд.

— Пас аз ин барнома ба Шумо киҳо кӯмак расониданд?

— Чанд муҳоҷири тоҷик ва як марди саховатпеша аз пойтахт ба ман кӯмак расониданд ва ман бо кӯмаки онҳо духтарчаамро ба мактаб равон кардам.

Таджикский мигрант Парвиз Ибрагимов - помогает сиротам рухинджы - Sputnik Тоҷикистон
Кӯмаки муҳоҷири тоҷик ба 1000 кӯдаки ятими руҳинҷо

— Оё ба ғайр аз ин барнома, ба мақомот ҳам муроҷиат карда будед?

— Бале, чанд маротиба муроҷиат кардам. Гуфтанд, кай кӯмак шавад, баъд биё.

— Шумо ягон ҳунар доред, апаҷон?

— Бале, кам кам ҳунари дӯзандагӣ дорам.

— Пас, шояд ба Бахши Кумитаи занон дар ноҳия муроҷиат мекардед, то дар пайдо кардани ҷойи кор кӯмакатон расониданд?

— Бале, муроҷиат кардам. Онҳо аз ман пурсон шуданд, ки оё кор кардан мехоҳӣ? Дар посух гуфтам, бале, мехоҳам. Онҳо ба ман мактаберо таъин карданд, ки рав, ҷойи кор ҳаст. Аммо вақте, ки он  ҷо рафтам, гуфтанд, ин хел ҷойи кор надорем. Баъд боз назди онҳо рафтам. Гуфтанд, кай кор пайдо шавад, хабар мекунем.

— Шавҳаратон чӣ кор намекунанд?

— Вақте ки 10 сол пеш ман оиладор шудам, шавҳарам донишҷӯ буд. Як имтиҳонро дар донишгоҳ супорида натавонист ва ба аз вай пули калон талаб карданд. Аз донишгоҳ хориҷ шуд. Мардикорӣ мекард ва баъд ба Русия рафт. Аммо ҳамагӣ дар байни як моҳ маъюб шуда, баргашт ва ҳоло барои ёфтани кор аз хона баромада рафтааст. Маъюб аст ва ақалан нафақа медоданд, каме ба рӯзгорамон кӯмак мешуд.

 — Ҳоло Шумо чӣ мақсад доред? Дар оянда рӯзгоратонро чӣ гуна обод карданиед?

— Агар боз хайрхоҳон пайдо мешуданд, як мошини дарздӯзӣ мегирифтаму барои таъмини рӯзгор ба дӯзандагӣ машғул мешудам. Баъдан, аз падари меҳрубон як хоҳиш дорам, ки дар сохтани як хона дар ҳавлиам, бисёр не, як хона кӯмакам кунанд, ки фарзандонам зери оби барфу борон намонанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашнӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: ман бо чунин халқи заҳматкашу сарбаланд ифтихор мекунам

— Оё боре ба Ҳукумати ноҳияатон муроҷиат кардед?

— Бале, чанд бор муроҷиат кардаам. Рӯзҳое буданд, ки раҳкиро надоштам, то ба Ҳукумат равам. Ронандаҳоро зора мекардам, ки маро ройгон то дари Ҳукумат баранд.  Ҳамон раисашон, аз ҳама калонашон ба ман гуфт, ту барин гадоҳо чанд нафарашон ба назди ман омадаанд. Ман гуфтам, ки маро гадо нагӯ ва ман аз маҷбурӣ назди дари ту омадам. Вай ба ман 90 сомонӣ пул дароз кард ва ман рад кардам. Ташаккур  ба муҳоҷирон, ки ба ман кӯмак карданд. Аммо раис ақалан маро гадо намегуфт…

— Ташаккур, барои сӯҳбат. Хонаобод бошед!

— Ба шумо, ташаккур, ки занг задед. Мехоҳам ба ҳамаи он нафароне, ки ба ман кӯмак расонидаанд, изҳори миннатдорӣ баён кунам.

    Барномаи "Шаҳри ман" дар сомонаи "Мавҷи озод"  санаи 25-уми августи соли равон мунташир шуда буд ва ман бо ин зан 5-уми сентябр тамос гирифтам. Зан таъкид мекард, ки чанд муҳоҷир кӯмак расонидааст ва аз онҳо миннатдор аст. Аҷиб ин аст, ки ин барномаро муҳоҷирон дар Русия дидаанду ӯро кумак расонидаанд, аммо масъулини ноҳия ва вилоят, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, мушкилоти ӯро намебинанд.

Аз масъулини ноҳия, Кумитаи кор бо занон ва раиси  ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ пурсида мешавад, ки оё магар онҳо масъул нестанд, ки ин занро кӯмак кунанд, то ӯ ба раисҷумҳур шикоят набарад? Оё раисҷумҳур барои ҳалли мушкили ҳар як шаҳванди Тоҷикистон бояд шахсан дахолат кунад? Пас, дигар масъулин чикора ҳастанд?

Лентаи хабарҳо
0