Аз танзими анъанаву либоси миллӣ то фарҳанги шаҳрнишинӣ: мулоқоти Кумитаи занон бо бонувон

© SputnikФестиваль ремесленников 2017 в Душанбе
Фестиваль ремесленников 2017 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин мулоқот муовини раиси Кумитаи занон бо 360 тан бонувон - кормандони ширкати "Ёқут-2000" масоили танзими анъана, либосу фарҳанги миллӣ ва маданияти шаҳрдориро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чуноне ки дафтари матбуоти Кумитаи умури занон ва хонавода гузириш медиҳад, масъулини ин ниҳод дар пойтахт,  дар ширкати "Ёқут-2000" масоили танзими анъана ва либоси миллиро баррасӣ карданд.

Бино бар иттилои манбаъ, масъулини ниҳод дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба бонувони ҶДММ "Ёқут-2000" аз тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҳифзу нигаҳдошти рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосӣ миллӣ, инчунин маданияти шаҳрнишинӣ дар пойтахти кишвар сӯҳбат карданд.

Манбаъ меафзояд дар ин мулоқот муовини раиси Кумитаи занон бо 360 тан бонувон- кормандони ширкати "Ёқут-2000" масоили танзими анъана,  либосу фарҳанги миллӣ ва маданияти шаҳрдориро баррасӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0