Сиёсатмадори рус: Артиши Тоҷикистон омода аст ҷангҷӯёнро пас биронад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкФранц Клинцевич, архивное фото
Франц Клинцевич, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Толибон ҳаргиз кӯшиш нахоҳанд кард, ки дар марзу буми Тоҷикистон рахна кунанд, зеро ҳеч ниёзе ба ин надоранд

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ҷангҷӯёни ҷунбиши "Толибон" ҳаргиз кӯшиш нахоҳанд кард, ки дар марзу буми Тоҷикистон рахна кунанд, мегӯяд Франс Клинтсевич, муовини раиси Кумитаи амнияту дифоъ дар Шурои Федеросюни Русия.

Таджикские пограничники на таджикско-афганской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муташанниҷ: сафири Русия дар бораи авзоъи марзи Тоҷикистону Афғонистон

"Толибон ниёзе надорад, ки вориди қаламрави Тоҷикистон шавад. Ҷангҷӯёни "Толибон" дар шимоли Афғонистон аз нерӯҳои давлатӣ пинҳон мешаванд, зеро онҷо барояшон амнтар аст", — гуфт ӯ дар ҳамоиши байналмилалии "Пайкор бо теруризм ва ифротгароӣ дар Уросиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак", ки дар Душанбе баргузор мешавад.

Вай бар ин бовар аст, ки гурӯҳи "Толибон" талош дорад ҳукуматашро дар Афғонистон барқарор кунад, на фаротар аз он. "Аммо ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" (гурӯҳи теруристии ДОИШ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ шуда аст), ки парчами сиёҳашонро дар бархе аз манотиқ бар афроштаанд, Афғонистонро лашкаргоҳе барои нуфуз дар Русия ва дигар кишварҳои ҳамсуд мебинанд", — гуфт Клинтсевич.

Вай дар робита бо масъалаи таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки бино бар додаҳои расмии Кумитаи амнияти миллии ҶТ беш аз ҳазо ҷангҷӯи Толибон ва ДОИШ камин гирифтаанд, гуфт "Русия дар ин марз амният аз ҳамлаву таҳоҷуми мустақимро таъмин мекунад".

«Мо омода ҳастем ҳаргуна ҳамлаву таҳоҷумро пас бизанем ва артиши Тоҷикистон низ омода аст», — таъкид кард Клинтсевич.

Вай бар ин бовар аст, ки "равишҳои аслии бесуботсозии вазъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нуфуз дар созмонҳои мардумниҳоду судновар ва шаҳрвандоне хоҳад буд, ки дониши динӣ надошта ва аз мақомоти давлатӣ розӣ нестанд".

Лентаи хабарҳо
0