Нахустин ҷашни арӯсӣ дар Боғи ваҳш рӯзи шанбе барпо мешавад

© Стас ЭтвешСвадебный автомобиль, архивное фото
Свадебный автомобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳи июл шаҳрдори Маскав қароре ба тасвиб расонд, ки баргузории ҷашни домодиву арӯсӣ дар Боғи ҳайвоноти Маскавро иҷоза медод

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Нахустин ҷашни арӯсӣ дар Боғи ваҳши Маскав рӯзи 30 сентябр баргузор мешавад.

"Рӯзи шанбе дар Боғи ҳайвонот нахустин ҷашни домодиву арӯсӣ барпо мешавад", — иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости.

Моҳи июл шаҳрдори Маскав қароре ба тасвиб расонд, ки баргузории ҷашни домодиву арӯсӣ дар Боғи ваҳши Маскавро иҷоза медод.

Шаҳрдорӣ ҳамчунин дар посух ба дархости мардуми пойтахти Русия феҳристе аз ҷойҳои баргузории ҷашну маросим таҳия кардааст.

Дар ин феҳрист афзун бар Боғи ваҳш ҳамчунин кохҳои Кусково, Останкино, Пётри Кабир, Смирнов ва музейҳои серамик, шаҳри Маскав, Царыцино, ҳунарҳои зебои Пушкин, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нигористони Иля Глазунов низ ворид шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0