Боздошти сокини ноҳияи Ванҷ ба иттиҳоми ғоратгарӣ

Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани сокини ноҳияи Ванҷ ба иттиҳоми ғоратгарӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД, дар бораи ғоратгарӣ сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст.

Ба гузориши манбаъ, ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 45-солаи сокини деҳаи Меҳани ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 27-уми сентябри соли 2017, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 1-адад компютери "ноутбук" ва молу ашёҳои рӯзгор, ки арзиши умумиашон 3970-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Ванҷро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.

Манбаъ меафзояд, ки аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0