Тоҷикистон равобиту ҳамкориҳояшро бо Ҷумҳурии Озарбойҷон густариш медиҳад

© МИД РТВручение копий Верительных грамот Министру иностранных дел Азербайджанской Республики
Вручение копий Верительных грамот Министру иностранных дел Азербайджанской Республики - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Боку дар дидорҳои ҷудогона бо раҳбарони Вазорати фарҳангу гардишгарӣ, Хадамоти давлатии марзбонӣ ва Ҳавопаймоии миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боку Рустам Солӣ ва вазири фарҳангу гардишгарии Ҷумҳурии Озарбойҷон Абулфазл Қараев роҳҳои густариши ҳамкориҳои фарҳангии ду кишварро баррасӣ карданд.

Вручение копий Верительных грамот Министру иностранных дел Азербайджанской Республики - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкорӣ дар заминаи кору таъмини иҷтимоиро баррасӣ карданд

Ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, дар ин дидорҳо, ки 28 сентябр баргузор шудаанд, роҳҳои густариши равобиту ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили cафарҳои ҳунарӣ ва барномаҳои консертии муштарак бо ширкати ҳунармандони ҳар ду кишвар, масоили вобаста ба ҳамкориҳо дар замнаи гардишгарӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон Рустам Солӣ ва Абулфазл Қараев имкони роҳандозии омӯзиши ҳирфаӣ, бозомӯзӣ ва донишафзоии коршиносони тоҷикро дар риштаҳои ҳунар, фарҳанг ва гардишгарӣ дар муассисаҳои марбутаи Озарбойҷон баррасӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар дидор бо раҳбари Хадамоти давлатии марзбонии Озарбойҷон генерал-полковник Элчин Қулиев ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷониба дар масъалаҳои таъмини амнияти марзҳои давлатӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни сохторҳои низомии ду кишварро баррасӣ кард.

Рустам Солӣ ҳамчунин дар дидор бо раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии «AZAL» Ҷаҳонгир Аскаров масъалаҳои мубрами равобити Тоҷикистону Озарбойҷонро дар заминаи мусофирбарии ҳавоӣ, бавижа роҳҳои аз сар гирифтани парвозҳо миёни Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала