Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тоҷикистон аз Русия хост қазияи Наврӯз Зикировро мунсифона баррасӣ кунад

© Sputnik Рубен ГарсияГерб Республики Таджикистан
Герб Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз Вазорати умури хориҷии Русия хост қазияи лату кӯби шаҳрванди ҶТ дар Маскавро бо диққат ва мунсифона баррасӣ кунад

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо фиристодани ёддошт ба Вазорати умури хориҷии Русия хостории баррасии дақиқ ва мунсифонаи қазияи лату кӯби шаҳрванди ҶТ Наврӯз Зикиров дар фурӯшгоҳи "Москва" шуд.

Вывеска торгово-ярмарочного комплекса Москва - Sputnik Тоҷикистон
“Москва” ба ашки муҳоҷирон бовар намекунад: нақли як савдогари бозори Люблино

"Хоҳишмандем, ин қазияро дақиқ ва воқеъбинона баррасӣ карда, омилини онро ба посухгӯӣ бикашед", — гуфта мешавад дар ин ёддошт.

Сухангӯи сафорати ҶТ Сарвар Бахтӣ дар суҳбат бо Sputnik гуфт, "ин ёддошт рӯзи душанбе ба Вазорати умури хориҷии Русия супурда шудааст".

Ёдоварӣ мекунем, ки Наврӯз Зикиров — аробакаши фурӯшгоҳи "Москва", шаби 20-уми сентябр шадидан латту кӯб шуда буд. Ин қазия дар миёни коргарони тоҷики фурӯшгоҳ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ эътирози густардаеро бар по кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала