Хешониданд: кормандони "Тоҷпромбонк" пасандозу супурдаҳои муштариёнро дуздидаанд

Кормандони пешини яке аз шуъбаҳои "Тоҷпромбонк" ба ҷурми дуздидани пасандозу супурдаҳои муштариён маҳкум ба зиндон шуданд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Сино мудири пешини шуъбаи "Тоҷпромбонк" дар ноҳияи Шаҳринав, сарҳисобдор, сандуқдор ва ду коршиноси калони онро ба ҷурми дуздидани пасандозу супурдаҳои муштариён маҳкум ба зиндон кард.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Тоҷикистон корманди пешини Ожонси мубориза бо фасодро 15 сол зиндонӣ кард

Ба гузориши Додситонии кулли ҶТ, онҳо муттаҳам ба дуздидану хешонидани 188 ҳазор дулори амрикоӣ, 95 182 сомонӣ ва 278 738 рубли русӣ пасандозу супурдаҳои муштариёни "Тоҷпромбонк" шудаву ҷурмашон собит шудааст.

Бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино аз 13 сентябр мудири пешин шуъба Қурбонов маҳкум ба 16  сол зиндонӣ шуд. Сарҳисобдор Ғафуров 12  сол, сандуқдор Ҳодиев ва коршинос Сафаров 9 солӣ ва коршинос Тешаева 8 солу 6 моҳро дар зиндон аз сар хоҳанд гузаронд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала