Шаҳрванди Тоҷикистон аз ғуломӣ дар Арабистони Саудӣ озод шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешЗавязаные руки, архивное фото
Завязаные руки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нурбибӣ Мансурова бо ёриву ҳамкории сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ аз ғуломӣ озод шуд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Нурбибӣ Мансурова 50 сол ва 15 фарзанд дорад. Ӯ як ҳафта пеш аз ин аз сафорати Тоҷикистон дархости ёрӣ карда буд то аз ғуломӣ дар Арабистон озодаш кунанд.

Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додситонии Тоҷикистон се ширкати корёбиро муттаҳам ба одамфурӯшӣ кард

Вай дар соли 2016 барои кор ба Арабистони Саудӣ рафта будааст. Ширкати "Имкон-2015", ки аз соли 2016 то оғози соли 2017 барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арабистон кор меёфт, ӯро бо пешниҳоди 600 дулор музд дар моҳ ва як бор мураххасӣ дар се моҳ барои парастории пирзане дар Арабистон гумоштааст. Ин ширкати корёб ҳамчунин ваъда додааст, ки пас аз ду сол кор ӯр ҳаҷҷ хоҳад бурд.

"Ман мехостам пуле ба даст оварам, ки фарзандони хурдсолам таҳсил кунанд. Аммо акнун инҷо маро чун барда кор мебанданд. Маро лату кӯб мекунанд, мезананд, мӯйҳоямро кандаанд. Маро намегузоранд телефонӣ гуфтугӯ кунам, аз хона бароям, ҳатто нишонии макони будубошамро ҳам намедонам", — гуфта буд Нурбибӣ дар додхости видюияш.

Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Арабистон Саудӣ ба доди Нурбибӣ Мансурова расиданд ва ӯро 4 октябр озод карданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Додситонии кулли Тоҷикистон мудирони ширкатҳои "Абдулкарим", "Ҷамол-2012" ва "Имкон-2015"-ро муттаҳам ба бардафурӯшӣ кард ва барои бозрасии амалкардашон парванда оғоз кард.

Лентаи хабарҳо
0