Русия дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ бунёд мекунад

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаУченики в таджикской школе
Ученики в таджикской школе - Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав мехоҳад дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ бисозад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Российская газета" гуфт, ки Маскав ва Душанбе ҳамакнун масъалаи сохтусози 5 мактаби русӣ дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон баррасӣ доранд.

Учительница из России Патимат Сагидова рассказала о методах преподавания в гимназии Низами - Sputnik Тоҷикистон
Омӯзгори доғистонӣ аз мушкилоти мактабҳои Тоҷикистон мегӯяд

"Бар пояи тавофуқоти сарони ду кишвар дар моҳи август 28 омӯзгор аз минтақаҳои гуногуни Русия барои кор дар мактабҳои маҳаллӣ ба Тоҷикистон омаданд, 60 ҳазор китоби дарсӣ бо забони русӣ фиристода шуд. Масъалаи сохтусози 5 мактаби русӣ дар шаҳрҳои калони ин кишвар дар дасти баррасӣ қарор дорад", — тавзеҳ дод вай.

Сергей Лавров ин матлабро дар мақолаи "Корёрие, ки аз озмоиши замон гузаштааст" баён карда, ки ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мунташир шудааст.

Ҳамакнун дар саросари Тоҷикистон камубеш 30 мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба забони русӣ фаъол аст, ки дар онҳо беш аз 17 ҳазор донишомӯз таҳсил мекунад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала