Швиткин: ҷавонон гоҳо мусулмониро бо исломгароӣ иштибоҳ мегиранд

© РИА Новости / Александр ПаниотовЗампред комитета Госдумы по обороне Юрий Швыткин
Зампред комитета Госдумы по обороне Юрий Швыткин - Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Кумитаи дифоъ дар Думаи кишварии Русия Юрий Швиткин иттилоъот дар бораи густариши теруризм дар ҷаҳонро тавзеҳ дод

Созмони федеролии амнияти Русия иттилоъ дода, ки ДОИШ (гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ", ки дар Русия мамнуъ шудааст) барномарезӣ карда, ки шабакаи теруристии ҷаҳонӣ ташкил кунад. Дар паи шикаст дар Сурия ва Ироқ саркардагони ДОИШ кӯшиш доранд шабакаи саросарии теруристии ҷаҳонироберун аз густараи Ховари Наздик падид оваранд, гуфт мудири Созмони амнияти Русия Александр Бортников.

Швыткин: не надо путать ислам с исламизмом

Юрий Швиткин бар ин назар аст, ки ҷангҷӯён касонеро бештар ба домашон меандозанд, ки ҷавону ноогоҳ аз масоили ислом бошанд.

"Шабакаи теруристӣ пеш аз ҳама дар манотиқе густариш меёбад, ки бештар аз ифротгароии исломӣ асарпазир ҳастанд, масалан, чун Афғонистон, ки ҷавонон мусулмониро бо ифротгароии исломӣ иштибоҳ мегиранд", — гуфт Швиткин дар мусоҳиба бо родю Sputnik.

Вай фарохони раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ёдоварӣ кард, ки ҳама нерӯҳои ҷаҳонро ба муқобила бо теруризми байналмилалӣ фаро хонда буд.    

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала