Сафири Тоҷикистон бо шаҳзодаҳои саудӣ дидор кард

© Фото : МИД РТПринц Валид ибн Талал ибн Абдулазиз Аль Сауд
Принц Валид ибн Талал ибн Абдулазиз Аль Сауд - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо ду тан аз шаҳзодаҳои саудӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷориро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сафири ҶТ Заробиддин Қосимӣ бо шоҳзода Валид ибни Талол ибни Абдулазиз оли Сауд, раҳбари ширкати ҳолдингии "Алмамлакат", дар шаҳри Риёз дидору гуфтугӯ кард.

Президент России Владимир Путин (слева) и король Саудовской Аравии Сальман бен Абдельзир Аль Сауд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Подшоҳи саудӣ хостори наздикии бозорҳои нафти Русияву Арабистон шуд

Ба гузориши хадамоти иттилоотии Вазорати умури хориҷаи ҶТ, дар ин дидор масоили вобаста ба ҳамкорҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва истифода аз захираҳои фаровони Тоҷикистон, ҳамчунин омӯзиши тарҳҳои судбахши сармоягузорӣ ва роҳу равишҳои иҷрои онҳо баррасӣ шудааст.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки шоҳзода Валид бо 21 милёрд дулор сармоя соҳибкори хусусӣ ва яке аз сарватмандтарин касон дар ҷаҳон аст ва доираи фаъолиятҳои тиҷорӣ ва корҳои хайрияаш бисёр васеъ аст.

Сафири ҶТ ҳамчунин дар шаҳри Ҷидда бо шоҳзода Сауд ибни Абдулазиз ал-Файсал, раҳбари ширкати ҳолдингии "Ашшариф" низ дидор кард ва масоили ҳамкорӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Шоҳзода бавижа ба бахши энержӣ ва дигар бахшҳои авлавиятноку судбахши иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар ин дидор қарор шуд, ки барои оғози ҳамкорӣ тафсилоти мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб минбаъд бо ширкати масъулину коршиносони Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала