ВУД: Некрӯз Ниятбеков дастгир шуд

© Фото : ЦОС ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони нерӯҳои интизомӣ Некрӯз Ниятбековро, ки шоми рӯзи 5 октябр се узви як хонаводаро тирборон кард, дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ин хабарро сухангӯи Вазорати умури дохилии ҶТ Умарҷони Эмомалӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.

"Некрӯз Ниятбеков аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ дасгир шуда ҳамакнун бозпурсӣ мешавад. Нисбати Некрӯз Ниятбеков парвандаи ҷиноӣ боз шуд", — гуфт сухангӯи ВКД.

Манбаъ афзуд, ки дигар ҷузъиёти қазия дар равобити умумии ВКД ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Некрӯз Ниятбеков бо ҳамсари бародараш Далер Ниятбеков, ки чанд сол пеш аз ин дар гузашта буд, бар сари манзили иқоматияш дар шаҳри Хоруғ ҷанҷол доштааст. Ахиран додгоҳ ин манзилро ба ҳамсари Далер Ниятбеков вогузор карда будааст. Аммо Некрӯз аз ҳукми додгоҳ розӣ нашуда ҷанҷолро ба зӯроварӣ кашондааст.

Гуфта мешавад, ки вай шаби ҷумъа ҳамроҳ бо ду каси дигар ба хонаи хешовандонаш ба рустои Поршинев рафта ва ҳамсару хушдомани бародарашро тирборон ва бародарзодаашро корд задааст.

Лентаи хабарҳо
0