Пас аз ду моҳ: ба маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара об омад

Дар давоми ду моҳ аз деҳаи Хоҷаи Аъло дар масофаи 1 километру 600 метр ба маҳаллаи Сомониён оби полезӣ омад

ДУШАНБЕ, 6 окт— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар шаҳри Исфара бо ҷонибдории ҳукумат ва  дастгирии Барномаи рушди СММ дар чорчӯбаи лоиҳаи "Ҳамкории наздисарҳадӣ баҳри рушди устувор ва сулҳ" ба ин минтақа хатти алоҳидаи оби полезӣ гузаронида шуд.

Чанде аз бошандагони маҳаллаи Ориёно дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон
Кӯлоб: Даҳсолаи об ва ёздаҳ соли беобӣ

Дар асоси ин лоиҳа мӯҳлати иҷроиши барнома чоруним моҳ муқаррар гардида буд, вале тарҳ пеш аз муҳлат иҷро шуд.

Дар доираи "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди усутвор, солҳои 2018-2028" ва дастгирии аҳолӣ ва  занону мардони ҷамоати Чоркӯҳ дар давоми ду моҳ аз деҳаи Хоҷаи Аъло дар масофаи 1 километру 600 метр ба маҳаллаи Сомониён оби полезӣ омад.

Ёдовар мешавем, ки Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об аз коҳиши мушкилоти об дар ҷаҳон изҳори боварӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ, баланд бардоштани дарки масъалаҳои об дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба обро барои муттаҳид сохтани талошҳо дар ин самт ҳадафи аслӣ гуфт.

"Вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои Даҳсола мо Консепсияи татбиқи онро бо маҷмуи чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Панел пешниҳод карда, барои  амалӣ намудани  он ҷаҳд намуда истодаем", — гуфт раисҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала