Навор аз ҷои садамае, ки ҷони муовини нахуствазири Қирғизистонро гирифт

Обуна шудан
Ноиби нахуствазири Қирғизистон Темур Ҷумъақодиров субҳи имрӯз дар садамаи нақлитӣ ҷон бохт

Ба гузориши хадамоти матбуотии ҳукумат, ноиби сарвазир-Темур Ҷумъақодироа ҳамроҳи ёрдамчиаш барои санҷиши омодагии вилояти Талас ба интихоботи раисҷумҳур, ки рӯзи 15 октябр гузаронида мешавад, равон шуда буд.

Бино ба иттилоъи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби садама бархӯрди боркаш бо худрави ноиби сарвазир шудааст. Дар паси садама ноиби сарвазир, ёрдамчиаш ва ронанда ҳалок шуданд.

Фоҷиа дар масофаи сӣ километрӣ аз Бишкек рух додааст.

Темур Ҷумъақодиров пештар ба ҳайси раҳбари Шӯрои амниятии Қирғизитон фаъолият мекард. Ӯ 38 сол дошт.

Лентаи хабарҳо
0