Боркаш пулро дар Қирғизистон шикаст: Тоҷикистон бояд онро таъмир кунад

Обуна шудан
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боркаш дар болои пул чаппа шуду пулро ҳам шикаст

Боркаше сангинвазн аз пули рӯди Хоҷабоқир мегузашт.

Ба гузориши Sputnik Қирғизистон пул вазни боркашро тоб наоварда шикаст. Ба иттилоъи шоҳидони ҳол ронандаи боркаш захмӣ нашудааст.

Ба гуфти раҳбари деҳа, ин пул ба Тоҷикистон дахл дорад ва бояд аз тарафи Тоҷикистон таъмир карда шавад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар паи бархӯрди автобус бо қатор дар вилояти Владимири Русия садама рух дод. Дар натиҷаи он 18 кас ҷон бохт. Ҳамаи қурбониён шаҳрвандони Узбакистон буданд.

Лентаи хабарҳо
0